Мулоқоти С.Тағойзода бо А. Гобиизӣ
Душанбе, 12.03.2015.( АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода 10 март бо Сафири фавқулода ва мухтори Эфиопия дар Туркия, Ҷумҳурии Қиргизистон, Гурҷистон, Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Айлев Гобиизӣ мулоқот намуд.
Дар ҷараёни вохўрӣ Айлев Гобиизӣ миннатдории хешро ҷиҳати фароҳам овардани мулоқот баён дошта, дар бораи танзими раванди муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва саҳми ҳамватанони бурунмарзӣ дар рушди иқтисодиёти мамлакат инчунин, омўзиши таҷрибаи Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатиро хостор шуд ва барои ба роҳ мондани ҳамкории минбаъдаи тарафайн мақсад гузошт.
Сафир зикр кард, ки Эфиопия давлати интиқолкунандаи қувваи корӣ ба хоричи кишвар мебошад ва аз ин рў, зарур мешуморад, ки таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт омўхта шавад.
Дар навбати худ Сумангул Тағойзода оид ба омода намудани муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз сафар ба хориҷи кишвар ва ҳамкорӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ иттилоъ дода, гуфт, ки соҳаи муҳоҷирати меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти хешро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ ба роҳ мемонад. Азбаски аксарияти муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолият ба Федератсияи Русия мераванд, Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим шуморид, ки дар Федератсияи Русия Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис диҳад.
Бояд гуфт, ки Намояндагии вазорат дар Федератсияи Русия баҳри ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Бино ба иттилои сухангӯи Хадамоти муҳоҷират Абдуллоҳи Кодирӣ, тарафҳо масъалаҳои муҳими соҳаи муҳоҷирати меҳнатиро ҳаматарафа таҳлил намуда, пешниҳод намуданд, ки баҳри пешбурди соҳа ва омўхтани бозори меҳнати ҳар ду кишвар гурўҳи коршиносони муштарак таъсис дода шавад.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд сурат гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад






