Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо раиси ПСС Бенилюкс
Душанбе, 31.03.2015. (АМИТ «Ховар»).- 27 март сафири Тоҷикистон дар Белгия Рустамҷон Солиев дар шаҳри Брюссел бо раиси Палатаи савдо ва саноати Белгия, Нидерланд ва Люксембург (Бенилюкс) оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои ИДМ Мигел Кардон де Лихтбауэр ва муовини мавсуф Конрад Микелсон мулоқот анҷом дод.
Ҷонибҳо роҳҳои рӯи кор овардани ҳамкории дуҷониба ва густариши равобити тиҷоратию иқтисодии байни Тоҷикистон ва кишварҳои Бенилюксро мавриди муҳокима қарор доданд.
Сафири Тоҷикистон зимни мулоқот аз вазъи сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишвар ва тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон барои беҳдошти вазъияти сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, ҳамчунин бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ, ки диққати сармоягузорон ва тоҷирони хориҷиро ба худ ҷалб мекунанд, иттило дод.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






