Мулоқоти Ш. Саид бо В.Глухих
Душанбе, 17.03.2015. (АМИТ «Ховар»).- 16 март раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, муовини раиси Шӯрои Конгресси байналмилалии саноатчиёну соҳибкорон Шариф Саид дар шаҳри Маскав бо президенти Шӯрои Конгресси байналмилалии саноатчиёну соҳибкорон Виктор Глухих мулоқот намуд.
Назар ба иттилои ПСС ҶТ, мусоҳибон перомуни доираи васеи масъалаҳое, ки диққати тарафайнро ба худ ҷалб мекунанд, табодули афкор намуда, ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории Конгресс бо иттиҳодияҳои тоҷирони Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.
Раиси ПСС ҶТ ҷонибдории худро аз ташкили муколамаи мустақими байни саноатчиён ва намояндагони Тоҷикистон ва давлатҳои дигар иброз дошт.
Виктор Глухих дар навбати худ аз имкониятҳои Шӯрои Конгресси байналмилалии саноатчиёну соҳибкорон, дурнамои ҳамкорӣ бо соҳибкорону саноатчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, зикр намуд, ки Конгресси байналмилалии саноатчиёну соҳибкорон барои таҳкими равобити тоҷирону соҳибкорон саъю кӯшиш хоҳад кард.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






