Мусобиқаи идонаи оташнишонон
Душанбе, 18.03.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Ҳафтаи равон дар варзишгоҳи машқи таълимии Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз ва 70-умин солгарди «Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» мусобиқаи Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ оид ба бозии волейбол дар байни ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонии гарнизони Душанбе баргузор гардид. Дар чорабинии варзишӣ 16 даста маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Тибқи иттилои ВКД ҶТ, ҷойи якумро Хадамоти оташнишонӣ оид ба муҳофизати неругоҳи барқи обии Роғун, ҷойи дуюмро Хадамоти оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Сино-1-и пойтахт ва ҷойи сеюмро Хадамоти оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳри Ваҳдат ишғол намуданд.
Ғайр аз ин ғолибон ва иштирокчиёни мусобиқа бо «Ифтихорнома» ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






