Мусобиқаи варзишӣ бахшида ба Наврӯз
Душанбе, 18.03.2015.(АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Мусобиқаи варзишии шоҳмот ва волейбол бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои низоми он 17 март оғоз гардида, то 20 март идома хоҳад ёфт.
Мусобиқаи мазкур дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ва МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» доир гардида, ҳангоми таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз-2015 дар вазорат ҷамъбаст хоҳад шуд.
Бино ба иттилои вазорат дар ин рӯз ғолибони ин мусобиқаи варзишӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд.
Бояд зикр намуд, ки чорабинӣ дар асоси фармоиши вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омодагӣ ва дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ ташкил намудани Иди байналмилалии Наврӯз-2015 ташкил шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






