Мусобиқаи волейбол миёни донишҷӯён

Март 17, 2015 08:32

Душанбе,17.03.2015 (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Дар толори варзишии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ мусобиқаи волейбол миёни дастаҳои донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳои пойтахт идома дорад.  Имсол дар ин мусобиқаи анъанавӣ 16 даста аз ҳисоби донишҷӯён таъсис дода шудааст, ки барои дарёфти ҷоми Донишгоҳи техникӣ миёни ҳам рақобат доранд. 
Мусобиқа рўзи 10- уми март шурӯъ гашта, вохӯриҳои даври ниманиҳоӣ ва ниҳоӣ рӯзҳои 18- ум ва 19 март баргузор мешаванд.  Рақобатҳо ба таври даврӣ ҷараён дошта, мусобиқа аз 9 давр иборат аст. 
Дастаи волейболи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ғолиби чандкаратаи ин мусобиқа ба ҳисоб меравад ва имсол низ барои ҳимояи ин унвон талош дорад, аммо соҳибони мусобиқа- тими волейболи Донишгоҳи техникӣ ин навбат барои дастболо гаштан омодагии хуб дидааст. Барои пешгӯӣ кардани ғолиб ҳанӯз барвақт аст, зеро имсол дастаҳои волейболи пурқувват зиёданд. 
Ба гуфти мураббиён солҳои қаблӣ дар мусобиқа 8 даста иштирок мекард ва имсол шумораи дастаҳои волейбол ба 16 адад расид, ки он аз рушди ин намуди варзиш ва гаравидани ҷавонон ба намудҳои мухталифи варзиш дарак медиҳад.
 Ҷоми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар давоми 10 соли охир ҳамасола гузаронида мешавад. 
 
 
 
 

Март 17, 2015 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад