Мусодираи лавозимоти ҷангӣ дар пойтахт
Душанбе, 14.03.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дар натиҷаи гузаронидани як амалиёти махсус, дирӯз дар ҳудуди шаҳри Душанбе сокини 39-солаи ноҳияи Рашт Н. Маҳмадов бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон ва дигар лавозимоти ҷангӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардид.
Назар ба иттилои ВКД ҶТ, дар вақти азназаргузаронии мошини шахсии дастгиршуда тамғаи «Mersedes-Benz», 1 адад автомати тамғаи АКМ, 1 адад тирдон бо 14 дона тир, 1 адад таппончаи пневматикӣ бо балони газ бо 160 тир, 2 адад корд, 1 адад ғилофи таппонча ва 1 адад ниқоби рангаш сиёҳ дарёфт ва мусодира шуд. Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






