Нақли донишҷӯён дар бораи саҳми тоҷикистониён ба ғалаба дар ҶБВ

Март 30, 2015 13:28

Душанбе, 30.03.2015. (АМИТ «Ховар», Марҳабои  Азамат).- Гузоришҳои донишҷӯёни  шуъбаи  таърих  ба  муносибатҳои байналмилалии  Донишгоҳи  славянии  Русия ва  Тоҷикистон  дар  бораи  иштироки ҷанговарони тоҷик  дар муҳорибаҳои Ҷанги  Бузурги  Ватании  солҳои 1941 -1945,  перомуни  саҳми онҳо  ба  Ғалабаи  бузург  мавриди  таваҷҷӯҳи иштироккунандагнони  Конфронси байналмилалии «Тоҷикистон  дар  муборизаи  умумӣ  баҳри  ғалаба бар  фашизм», ки  28  март  дар Маркази  илму  фарҳанги  Русия  воқеъ дар  шаҳри  Душанбе баргузор гардид, қарор  дошт. 
Дар ҷараёни  ин  чорабинӣ, ки бо  ибтикори Бунёди  рушди «Институти  таҳқиқи Авруосиё» ва  намояндагии  Ҳамкории  Русия  пайваста бо  дастгирии Сафорати  Русия  ва Бунёди  миллии  хайрия  сурат  гирифт, бисёр  лаҳзаҳои нави  қаҳрамонии  намояндагони  халқи тоҷик  дар  муҳорибаҳои  асосии Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ зикр  шуданд. 
Аз ҷумла, донишҷӯён  Дилноза  Қуддусова,  Манижа Саидтабарова, Аморат Шеҳмаҳмадова,  Замира  Ашӯрзода, Акмал Элчибоев  дар  бораи қаҳрамониҳои  ҷанговарони тоҷик  дар  муҳорибаҳои Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ  нақл  карданд.
Магистранти  кафедраи  таърихи ватани  донишгоҳ  Андрей  Русин зимни  маърӯзааш   дар  мавзӯи  «Иштироки  тоҷикон дар  фаъолияти разведкавии солҳои Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ»  дар  бораи  корнамоиҳои  разведкачиёни тоҷик  Раҳим  Бурҳонов, ки солҳои  ҷанг  дар  Олмон  кор мекард, ва  Маҳбуба  Турсунова, ки  ҳамроҳи  ҳамсараш дар  ҳудуди  Афғонистон  дар  бораи  кирдорҳои  фашизм  маълумоти  муҳим ҷамъ  меовард, сухан  кард. 
Ҳамаи  иштирокдорони  конфронс, ки дар  байни онҳо  Сафири  фавқулодда  ва  мухтори  ФР  дар  ҶТ  И.С.Лякин — Фролов, Сафири Ҷумҳурии  Беларус  О.Гаврук,  роҳбари Маркази  илму  фарҳанги «Россотрудничество», — и  Русия  О.Курнушко, директори намояндагии Бунёди «Институти таҳқиқи  Авруосиё» дар  ҶТ Г.Назарова  ва дигарон ширкат доштанд,   саҳми  насли наврас дар  омӯзишу  тарғиби таърихи Ҷанги  Бузурги  Ватаниро ба  дараҷаи баланд арзёбӣ  намуда,  изҳор  доштанд, ки  ҳамаи  гузоришҳои  донишҷӯён  ба  маҷмӯаи  маърӯзаҳои  конфронс  дохил  карда шудаанд. 
Аз  рӯи натиҷаи  конфронс  Эъломияи  хотимавӣ  қабул  шуда, ҳайати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои иштирок дар Форуми   байналхалқии ғолибони «Ғалабаи  бузурги  ягонагӣ», ки  28  апрели  соли  ҷорӣ  дар шаҳри  Маскав  доир  мешавад,  таъйин  гардид.

Март 30, 2015 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд