Намоиши «Гирдбод» бахшида ба зодрӯзи С.Айнӣ

Март 26, 2015 09:24

 
        Душанбе, 26.03.15. (АМИТ ”Ховар”, Манижа Баҳромзода)- Рӯзҳои 27-ум ва 30-юми  март инчунин 3-юм ва  4-уми  апрели соли равон соатҳои 15-00  бахшида ба зодрӯзи  Қаҳрамони Тоҷикистон-Устод Садриддин Айнӣ Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар ҳамбастагӣ бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории  Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ драмаи «Гирдбод»-и Нур Табаровро дар таҳияи Шавкат Халилов ва Нозим Меликов барои тамошои дастаҷамъонаи устодону донишҷӯён  намоиш медиҳад. Қарор аст пас аз анҷоми драма дар нимаи аввали моҳи апрел Конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Симои Устод Садриддин Айнӣ дар саҳнаи тоҷик»  доир  гардад.

 

Март 26, 2015 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд