Намоиши молҳои истеҳсоли Ҳиндустон дар Хатлон
Душанбе, 28.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Аз 19-ум то 25-уми марти соли равон дар «Кохи Ватан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа молҳои истеҳсолкардаи мардуми Ҳиндустон ба намоиш гузошта шуданд. Дар намоишгоҳи мазкур либос, маҳсулоти заргарию сангҳои қимматбаҳо, чой, атру собунҳои хушбӯй ва дигар молҳои ниёзи мардум пешкаши дӯстдорони маҳсулоти ҳиндӣ гардиданд.
Ҳунармандони Ҳиндустону Тоҷикистон таҳти зарби доираву навои карнай ва рақси дилфиреби ҳиндиёнаю тоҷикона мардумро ба тамошои намоишгоҳ даъват намуданд.
Раҷабалӣ Раҷабов, муовини раиси вилоят зикр намуд, ки: «Маҳз ташкили чунин намоишгоҳҳои муштарак шароити мусоид фароҳам меорад, ки додугирифти мо бо ин давлати дӯст дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ равнақ ёбад».
Қудратулло Олимов, директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилоят, гуфт, ки ҳадафи намоишгоҳи мазкур ҷалби сармоя, ба кор даровардани корхонаҳои истеҳсолии муштарак бо истифода аз технологияи муосири инноватсионӣ тавассути коркарди ашёи хоми ватанӣ бо истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодии доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






