Намояндагии БТРА дар Хуҷанд
Душанбе, 19.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар шаҳри Хуҷанд намояндагии Бонки таҷдид ва рушди Аврупо (БТРА) ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар расми оғози фаъолияти ин институти молиявии бонуфуз раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.
Дар баробари ифтитоҳи дафтари корӣ, сардори намояндагии Бонки таҷдид ва рушди Аврупо дар Тоҷикистон Ричард Ҷонс меҳмононро бо ҳайати корӣ ошно намуд.
Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияту кормандони бонк гуфт, ки маҳз бо шарофати фазои мусоиди сармоягузории кишвар, бо кӯшишу заҳматҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз чунин ташкилотҳои бузурги молявӣ дар шаҳри Хуҷанд фаъолияти густарда доранд.
Роҳбари намояндагии Бонки таҷдид ва рушди Аврупо дар Тоҷикистон изҳор намуд, ки маҳз мавҷудияти таҷрибаи ибратбахш ва фаъолияти намунавии муассисаҳои маркази вилоят боиси он гардид, ки намояндагии ин ниҳоди байналмиллалии молӣ намояндагии худро дар вилоят ифтитоҳ намояд.
Лозим ба ёдоварист, ки Бонки таҷдид ва рушди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 ба соҳибкории хурду миёна кумак мерасонад. То имрӯз дар кишвари мо 450 корхона аз кумакҳои бонки мазкур ба маблағи зиёда аз 4,2 миллион евро бархурдор гаштааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






