Наврӯз дар Қоҳира
Душанбе, 24.03.2015 (АМИТ “Ховар”).- Донишҷӯёни тоҷике, ки дар донишгоҳҳои Миср таҳсил мекунанд, Наврӯзи хуҷастапайро бо мусобиқаи футбол ҷашн гирифтанд. Дар мусобиқаи мазкур даҳ даста ширкат намуда, ба ғолибон ва ширкаткунандагони он аз ҷониби намояндагони Сафорати кишвари мо дар Қоҳира ба сифати баргузоркунандагони мусобиқа туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд. Ҳамоиши идонаи шаҳрвандони тоҷик бо дастархони рангоранги наврӯзӣ ҳусни хотима ёфт.
Мусобиқаи мазкури футбол ба муносибати Наврӯзи оламафрӯз дар яке аз варзишгоҳҳои пойтахти Миср 21 марти 2015 баргузор шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






