«Наврӯз- шиносномаи миллат»-китоби нави Президент

Март 18, 2015 11:32

 Душанбе, 18.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар остонаи ҷашни ҷаҳонии Наврӯз нашриёти «Адиб» китоби Прзеиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро таҳти унвони  «Наврӯз -шиносномаи миллат» бо  забони тоҷикӣ мунташир намуд.
             Китоб бо теъдоди ду ҳазор нусха рӯи чоп омада, дар он паёмҳои наврӯзӣ ва суханрониҳои Президенти кишвар, ки дар ҷашнҳои наврӯзӣ  баён гардидаанд, гирд оварда шудаанд. Бояд тазаккур дод, ки суханрониҳои Президенти ҷумҳурӣ дар ҷашнҳои наврӯзӣ моломоли меҳру муҳаббат ба ин ҷашни ҷаҳонӣ -Наврӯз ва саршор аз тарғиби омолу рафтори ҳамидаанд.
             Мураттибони китоб Фарҳоди Карим ва Абдурауф Муродӣ саъй намудаанд, ки дар китоби мазкур  қисмате аз суханрониҳои Сарвари давлатро, ки дар ҷашнҳои наврӯзӣ ироа гардидаанд, таҳти дебочаҳои  «Ҷашни пирӯзии нур бар зулмот», «Наврӯзи бостонӣ ва ҷаҳонӣ», «Суннатҳои  неки наврӯзӣ безаволанд», «Рамзи офариниш ва эҳёи табиат», «Ҷашни озодагӣ ва озодагон», «Наврӯз -пайки шодмонӣ ва шодкомӣ», «Наврӯз ифодагари ормонҳои муқаддас ва неки миллист», «Наврӯз таърихи зиндаву бедор ва бақои миллати  тоҷик аст» гирд оранд.
          Китоб бо сифати баланд рӯи чоп омада, ҳамзамон дар он расмҳои марбут ба таҷлили ҷашни ниёгон -Наврӯз дар минтақаҳои кишвар ва  дигар суннатҳои наврӯзӣ ҷо дода шудаанд.
          То ҷое мусаллам аст, Наврӯз аз ҷашнҳои бостонии мардумони эронитабор буда, пайдоиши онро ба аҳди қадимтарин шоҳ-Каюмарс ва таҷлили Наврӯзро ба давраи салтанати шоҳ Ҷамшед нисбат медиҳанд.
         Наврӯз аз қадимтарин ва муқаддастарин оини ниёгони мо маҳсуб ёфта, он аз фарорасии фасли зебои сол -баҳор ва оғози Соли нави аҷдодӣ паём мерасонад. Асолати иҷтимоию фарҳангии Наврӯз хеле бузург буда, он далели рушду пешрафти  тафаккури созандаву бунёдкорӣ, муттаҳидию ҳамгироии мардумон аст. Маҳз бо назардошти  асолати бузурги иҷтимоию фарҳангӣ ва қадимию таърихӣ доштани Наврӯз бо Қарори Маҷмааи кулли  Созмони Миллали Муттаҳид панҷ сол муқаддам Наврӯз ҷашни ҷаҳонӣ эътироф шуд. Ва ҳамасола 21 март ё худ рӯзи аввали фарвардинмоҳ дар ҷаҳон, хусусан дар он кишварҳое, ки аз Наврӯз таҷлил менамоянд, ин ҷашни фархунда бо шукӯҳи хосса, дар сатҳи баланд бо тамоми анъанаю суннатҳо ҷашн гирифта мешавад ва он мардумони сайёраро ба сарҷамъию ҳамзистӣ ҳидоят менамояд.    

Март 18, 2015 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад