Наврӯзнома ба забони олмонӣ
Душанбе, 20.03.2015 (АМИТ «Ховар»).- Наврӯз ҳамчун таҷассумгари ягонагии мероси фарҳангӣ ва анъанаҳои ҳазорсола ҷиҳати таҳкими робита миёни халқҳои ҷаҳон, ки асосашро эҳтироми тарафайн ва тимсоли сулҳу амният ва ҳамҷаворӣ ташкил мекунад, нақши бемислу монанд дорад. Ин аст, ки СММ дар Қатъномаи худ ҳама кишварҳои узвро ба он далолат менамояд, ки ин ҷашнро пайваста ба маърази диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ наздик намуда, дар ҳоли имконпазирӣ ҳамасола чорабиниҳои наврӯзӣ ташкил намоянд. Аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯз тақозо мегардад, ки асли пайдоиш ва анъанаҳои суннатии ин ҷашнвораро мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор дода, бад ин тариқ мероси Наврӯзро дар миқёси ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд.
Дар арафаи ҷашнгирии Наврӯзи байналмилалӣ Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон мавод оид ба махсусиятҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистонро зери унвони «Наврӯзнома» бо забони олмонӣ таҳия намуд.
Ин мавод дар баробари инъикоси таърихи ҷаҳонишавии Наврӯз ва талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як кишвари ташаббускори ҳавзаи Наврӯз, хонандаи олмонизабонро ба сайри рукнҳои наврӯзӣ, аз қабили ҷашнгирии Наврӯз ва хусусиятҳои хоси он, фалсафаи Наврӯз, суманак ва тарзи омодасозии ӯ, суфраи наврӯзии ҳафтсин ва дигар паҳлӯҳои ин ҷашни аҷдодӣ мебарад.
Мавод дар шакли китоби электронӣ (ebook) ва ҳамзамон дар шакли китоб омода гардида, дар рӯзҳои ҷашнгирии Наврӯзи байналмилалӣ ба корпуси дипломатии муқими кишвари иқомат, ҳаводорон ва дӯстони Тоҷикистон тақдим мегардад.
Шакли электронии мавод дар сомонаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Берлин зери суроғаи http://botschaft-tadschikistan.de/nawruz_online_1/ гузошта шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






