Неруи офтобӣ дар Тоҷикистон
Анкара, 20.03.2015. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимӣ).- 18 марти соли 2015 дар шаҳри Истанбул вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарипов бо директори ширкати туркӣ «4 new еnergy» ва «EuropAsia» Ниязӣ Йилмаз доир гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ дар бахши низоми панелҳои офтобӣ ва об гармкуниро баррасӣ намуданд.
Дар интиҳои вохӯрӣ роҳбарияти ширкати мазкур қаноатмандии худро аз вохӯрӣ иброз намуда, зикр намуданд, ки ҷиҳати шиносоӣ бо фазо ва имкониятҳои Тоҷикистон рӯзҳои наздик ба Душанбе сафар менамояд.
Ширкати «4newenergy» 30 инҷониб дар бозори ҷаҳонӣ фаъолият дошта, марказаш дар шаҳри Аугсбурги Олмон ва ширкати «EuropAsia» дар шаҳри Измири Туркия қарор дорад. Ширкатҳои мазкур бо ширкати олмонӣ «Jurawatt» дар самти истеҳсоли панелҳои офтобӣ бо нанотехнология, таъмини қувваи барқ бо низомҳои хурди бодӣ, технологияи хушккунии лой ( Агролинер) ва тозакунии об ( SOLIDO) ҳамкорӣ дошта, дар бозорҳои Олмон ва Туркия ҷой намоёнро ишғол менамоянд. Панелҳои офтобӣ дар тамоми фасл, яъне ба хунукии сард ва гармии то 120 дараҷа тобовар мебошанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






