Нишасти матбуотӣ барои намояндагиҳои дипломатӣ
Душанбе, 19.03.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода ).- 18 март дар шаҳри Душанбе барои роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои ҷаҳонӣ нишасти матбуотӣ дар мавзӯи «Ҳамкории байналмилалӣ дар амри муқовимат ба ситезаҷӯӣ ва хавфу хатар» баргузор гардид.
Назар ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари ҶТ, директори агентии мазкур Рустам Назарзода «Хулосаи вазъи маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи соли 2014» — ро ба ҳозирон ироа намуд. Роҳбари Агентии назорати маводи нашъаовар зимни суханронӣ ба истеҳсоли ғайриқонунии маводи мухаддир дар Афғонистон ва тадбирҳо ҷиҳати коҳиш додани талабот ба маводи мухаддир дар ҷумҳурӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва татбиқи барномаҳои зидди маводи мухаддир дар кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.
Рустам Назарзода ҳамчунин дар бораи таҳким бахшидани сарҳади давлатӣ, роҳандозии амалиётҳои муштараки зидди маводи мухаддир бо иштироки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои минтақа сухан кард.
Зикр шуд, ки бо ибтикори Президенти ҶТ моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе конфронс аз рӯи масоили рушди ҳамкорӣ дар мубориза алайҳи маводи мухаддир дар сатҳи баланд баргузор мегардад.
Муовини вазири адлияи ҶТ Ш. Нодирӣ зимни маърӯзааш масоили дар ҷумҳурӣ рӯи кор овардани адлияи ювеналиро зикр намуд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






