Нишасти матбуотии нозирони САҲА оид ба ҷараёни интихобот
Душанбе, 02.03.2015. (АМИТ «Ховар»). — Нозирони байналмилалӣ, ки аз ҷараёни интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон мониторинг бурда истодаанд, гузориши аввалини баъд аз интихоботии худро рӯзи 2 март, дар шаҳри Душанбе ҳангоми нишасти иттилоотӣ пешкаш менамоянд.
Миссияи мазкур ташаббуси муштараки Дафтари САҲА оид ба Институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар (САҲА/ДИДҲБ), Ассамблеяи парлумонии САҲА (АП САҲА) ва Парлумони аврупоӣ (ПА) ба шумор меравад.
Гузориш аз ҷониби Мариетта Тидей, ҳамоҳангсози махсус ва роҳбари миссияи нозирони кӯтоҳмуддати САҲА пешкаш гардида, баъдан онро Норберт Нюсер, сардори ҳайати ПА, Гейр Йорген Беккеволд, сардори ҳайати АП САҲА, инчунин Миклош Ҳарасти, сардори миссияи нозирони интихоботии дарозмуддати САҲА/ДИДҲБ идома медиҳанд.
Миссияи байналмилалии назорати интихобот аз 228 нозири 39 кишвар, аз ҷумла 161 нозири дарозмуддат ва кӯтоҳмуддат, ки аз тарафи САҲА/ДИДҲБ сафарбар шудаанд, инчунин аз 58 аъзои парлумон ва кормандони АП САҲА ва 9 корманди ПА иборат мебошад.
Рӯзноманигорон барои ширкат дар нишасти иттилоотӣ рӯзи душанбе, 2 март, соати 14:00 ба маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Ҳайатт Реҷенси», воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, 26/1, шаҳри Душанбе даъват мегарданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






