Низоми иттилоотии тандурустӣ рӯи кор омад
Душанбе, 18.03.2015. (АМИТ «Ховар»).- Чанде пеш дар ҷаласаи панҷуми Шӯрои танзимотӣ иттилоот дар бораи ҷараёни татбиқи лоиҳаи «Ёрии техникӣ барои дастгирии таҳкими низоми иттилоотии тандурустӣ дар Тоҷикистон», ки онро Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ менамояд, ироа шуд.
Тавре ки дар намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ хабар доданд, лоиҳаи ҳаҷми маблағаш иборат аз 3 миллиону 400 ҳазор евро ба роҳандозии низоми электронии ҳисобот дар бахши тандурустӣ ва сабти санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ (ССҲШ) дар сатҳи миллӣ мусоидат мекунад.
Вазифаи асосии лоиҳа иборат аз таҳкими низоми идораи тандурустӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати сабти санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ мебошад.
Аз 1 январи соли 2015 дар Хонаи ақди никоҳ ва чор шуъбаи сабти санадҳои ҳолати шаҳрвандии шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои мазкури ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Ҳисор санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ тариқи навори видеоӣ сабт мешаванд.
Лоиҳаи мазкур то моҳи майи соли 2016 дар амал татбиқ мегардад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






