Нокомии паҳлавонони тоҷик дар Гран-прии дзюдо дар Туркия
Душанбе, 30.03.2015.(АМИТ”Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Комроншоҳи Устопириён ва Хаёмиддин Ҷабборов, паҳлавонони тоҷик, дар мусобиқаи Гран-прии дзюдо дар Самсуни Туркия ноком шуданд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи Гран-прии дзюдо, ки рӯзҳои 27-29- уми март дар шаҳри Самсуни Туркия баргузор шуд, шикаст хӯрданд. Хаёмиддин Ҷабборов дар рақобатҳо дар вазни то 60 кило рӯзи 28-уми март дар даври аввал аз Алон Раҳима (Эрон) мағлуб гашт. Дар ин вазн ҳамагӣ 46 гӯштингир ширкат дошт.
Комроншоҳи Устопириён рӯзи 29-уми март дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило дар нахустин қувваозмоияш аз Милан Рандл (Словакия) шикаст хӯрд. Теъдоди гӯштингирон дар ин вазн 42 нафар буд.
Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 491 варзишгар (305мард ва 186 зан) аз 67 кишвари ҷаҳон ширкат кард. Мусобиқа миёни мардону занон дар 14 вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) сурат гирифт.
Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҳолланд бо касби 2 медали тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ ғолиб шуд. Тими мунтахаби Озарбойҷон(2-1-0) ҷойи дувум ва дастаи мунтахаби Ӯзбекистон (2-0-1) ҷойи севумро гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






