Нуралӣ Нурзод- барандаи ҷоизаи байналмилалӣ
Душанбе, 31.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар арафаи таҷлили Наврӯзи Аҷам ва поёни соли шамсӣ дар Ҷумҳурии исломии Эрон даври нуҳуми ҷоизаи байналмилалии «Китоби соли шеъри хабарнигорон» ҷамъбаст гардид, ки яке аз ҷоизадорони он устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нуралӣ Нурзод гардид.
Тавре ки дабири ҷоизаи мазкур шоир ва хабарнигори эронӣ Алиризо Баҳромӣ дар веблоги ин ҷоиза хабар додааст, бори аввал дар давраи нуҳуми ҷоизаи мазкур шоирони тоҷик ҳам ҳузур пайдо намуданд ва дар бахши вижаи ин ҷоиза, ки «Шоирони бидуни китоб» унвон гирифта, ба шоирон тақдим мешавад, ки то кунун дар Ҷумҳурии исломии Эрон китоб нашр накардаанд, шоир ва муҳаққиқи тоҷик, мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нуралӣ Нурзод низ баргузида шуда, мавриди қадршиносӣ қарор гирифт.
Шеваи интихоби китобҳо дар ин бахши ҷоиза ба он сурат ҷараён мегирад, ки ҳарчанд ин суханварони форсизабон аз саросари олам, хосса кишварҳои форсизабон дар Эрон китобе аз худ чоп накардаанд, аммо ба андозаи як китоб шеър доранд, метавонанд дафтари ашъори хешро ба унвони китоби ҷудогонаи нашрнашуда барои доварӣ ирсол кунанд ва баъди баррасии ашъор осори баргузидаи ин бахш муаррифӣ мешаванд.
Ёдовар бояд шуд, ки ин ҷоиза ба эҳтимоми гурӯҳе аз хабарнигорон, ки ҳамзамон ба сурудани шеър низ тамоюл доранд, нуҳ сол қабл таъсис шуда, ҳамасола дар айёми Наврӯз дар се бахш кутуби шеърӣ ба он тақдир мешаванд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






