Оғози боздиди Президент аз вилояти Суғд
Душанбе, 21.03.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои ҷумҳуриявии ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз ба вилояти Суғд ташриф овард.
Дар фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳи хоси наврӯзӣ ва меҳмоннавозии суннатии миллӣ истиқбол гирифтанд.
Тайи рӯзҳои сафари идона роҳбари давлат дар маркази вилоят ва чанде аз шаҳру ноҳияҳои он дар тантанаҳои наврӯзӣ ширкат варзида, чандин иншооти навбунёдро мавриди баҳрабардоӣ қарор медиҳад.
Нахустин иншооти ҷашнӣ дар худи фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ ёфт, ки барои қабул ва гусели меҳмонони олимақом бо тамоми шароити зарурии сатҳи ҷаҳонӣ бунёд ёфтааст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






