Оғози чорабиниҳои Наврузӣ дар Хуҷанд
Хуҷанд,19.03.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд шурӯъ аз 15 март чорабиниҳои наврӯзӣ оғоз гардиданд.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” роҳбари хадамоти матбуотии раиси шаҳр Маҳмудҷон Муҳаммадӣ иттилоъ дод, тибқи дастури раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти маҳаллӣ баргузории чорабиниҳои таҷлили Наврӯз дар 22 маҳаллаи шаҳр дар назар гирифта шуда, он оғоз аз 15 март то охири моҳи равон идома меёбад.
Ба гуфти манбаъ, то кунун дар се маҳаллаи шаҳр- “1 май”, “Чорчароғ” ва “Масчиди савр” тантанаҳои наврӯзӣ бо иштироки шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода доир гардиданд.
Бояд гуфт, ки сокинону бошандагони маҳалла барои таҷлили Наврӯз омодагии ҳамаҷониба дидаанд.
Он рӯз аз ҷониби иштирокдорон ва толибилмони макотибҳои ин маҳал ба меҳмонон барномаи наврӯзӣ иборат аз шеъру дубайтихонӣ дар васфи баҳору Наврӯз, мадҳияи “бойчечакхонӣ”, бозию ҳунарҳои миллӣ, аз қабили “Кокулбофӣ”, “Ҳаппакбозӣ”, “Ошиқбозӣ”, “Лаппар”, “Лалакпарронӣ”, “Даврабозӣ”, суруди “Нақшхонӣ” ва оростани дастархони наврӯзӣ бо “Ҳафт син”-у “Ҳафт-шин” ва таъоми анъанавии “Суманак” намоиш дода шуданд.
Шаҳрдори Хуҷанд ба ҳар як иштирокчӣ барои барномаи ҷолиб баҳои баланд дода, онҳоро бо иди пуршукӯҳи баҳор- Наврӯзи Аҷам табрик намуд.
Хотиррасон бояд кард, ки чорабиниҳои наврӯзӣ дар дигар маҳаллаҳои шаҳр низ идома ёфта, чорабиниҳои асосии Наврӯзи ҷумҳуриявӣ, ки соли равон дар Хуҷанд мегузарад, 21 март дар боғи навбуёди таърихиву фарҳангии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир хоҳад шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






