Оқибати фоҷиабори бадмастӣ
Душанбе, 30.03.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони авбошӣ сокини 50-солаи шаҳри Кӯлоб дастгир гардид.
Назар ба иттилои ВКД ҶТ, номбурда рӯзи шанбеи гузашта, тахминан соати 15:00-дақиқа дар назди бинои истиқоматиаш дар ҳолати мастӣ бо корди дар дасташ буда 3 маротиба ба пушти ҳамсояаш- ҷавонмарди 31-сола задааст. Бо ин қаноат накарда, ҳаракатҳои авбошонаашро идома дода 1 маротиба бо корд ба рони чапи пойи ҷияни 16-солаи ҳамсояаш задааст, ки дар натиҷа ҳарду ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






