«Оилаи солим — миллати солим»: Рўзи дарҳои кушод
Душанбе, 13.03.2015.(АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани Соли оила аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори «Оилаи солим — миллати солим»- 14 марти соли 2015 аз соати 8.00 то 12.00 дар муассисаҳои тиббии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи тиб машварати тахассусии ройгон гузаронида мешавад.
Чорабинии мазкур дар шаҳри Душанбе, дар саҳни Пажўҳишгоҳи гастроэнтерология — кўчаи Маяковский 2 (рў ба рўи Сафорати Олмон дар Тоҷикистон) ва марказҳои саломатии шаҳрӣ баргузор гардида, дар он мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи тиб, аз ҷумла профессорон ва мутахассисони варзида ширкат намуда, машварати тахассусии ройгонро ба аҳолӣ пешкаш мегардонанд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар доираи ин чорабинӣ сокинони кишвар имкон доранд дар муассисаҳои тиббӣ аз ташхиси набзу фишор, сабти барқии кори дил, муайян намудани миқдори қанд дар хун, муоинаи чашм, ташхиси флюрографӣ ба таври ройгон истифода намоянд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






