Озмуни «Созандагони Ватан» дар байни ҷавонон
Душанбе, 13.03.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Созандагони Ватан» дар байни ҷавонони аз 18 то 30 сола таҳти унвони «Беҳтарин суханвари ҷавон дар пойтахти кишвар» озмун эълон мекунад.
Дар озмун донишҷўён, журналистон ва соҳибкорону ҳунармандони ҷавон, ки ҳунари сухангўӣ доранд, метавонанд иштирок кунанд.
Мавзуъҳо озод буда, мазмуну муҳтавои он бояд фарогири ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон бошад. Ба ҳар иштирокчӣ барои нишон додани маҳорат аз 3 то 8 дақиқа вақт дода мешавад.
Довталабон бояд дар бораи худ маълумотнома (бо иловаи расм, суроға, нусхаи шиноснома) ва мавзӯи баромадашонро тавассути почтаи электронии info@sozandagon.tj ирсол ва ё ба Кохи Ваҳдат, ошёнаи 4-ум дастрас намоянд.
Муҳлати пешниҳоди мавзуъҳо то 30 марти соли 2015 муқаррар шудааст.
Иштирокчиёни озмун аз 3 то 10 апрел ба суҳбат даъват мешаванд.
Рўзи баргузории озмун иловатан эълон хоҳад шуд.
Ғолибони
ҷои 1-ум бо 1700 сомонӣ,
ҷои 2-юм бо 1100 сомонӣ,
ҷои 3-юм бо 700 сомонӣ ва туҳфаҳои арзишманд сарфароз мегарданд.
Ғайр аз ин ҷавонони соҳибистеъдод соҳиби Сертификат хоҳанд шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






