Панҷакент: нашъаҷаллоби қаблан судшуда дастгир гардид
Душанбе, 3.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар ҳудуди шаҳри Панҷакент аз тарафи кормандони Шуъбаи байниноҳиявии Зарафшони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар як сокини маҳаллӣ дастгир шуд, ки аз ӯ як бастаи полиэтиленӣ бо маводи афюн бо вазни тақрибан 500 грамм мусодира гардид.
Дастгиршуда қаблан суд шуда, баъди ба озодӣ баромадан дар ҳудуди шаҳри Панҷакент бо паҳн намудани афюн машғул будааст. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳаммаслаки ӯ — сокини деҳаи Нуристони шаҳри Панҷакент дастгир гардид.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш давом дорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






