Пешбарии номзадии Х. Амонулло ба ММ МО ҶТ
Кӯлоб, 16.03.2015. (АМИТ «Ховар», Фарҳоди Мадамин).- Дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи якуми даъвати панҷуми вакилони маҷлиси халқи шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, ки дар он даҳ масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Масоили баррасишуда аслан масъалаҳои ташкилӣ буданд. Дар ин миён пешбарии номзадии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Хайруллои Амонулло ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ аз масъалаҳои асосии маҷлис ба шумор мерафт. Вакилони мардумӣ бо овоздиҳии пинҳонӣ раъйи худро барои пешбарии Хайруллои Амонулло ба ММ МО доданд.
Вакилони халқ, ҳамчунин оид ба масъалаҳои дигари ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул карданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






