Пирӯзии Зелимхон Юсуфов дар мусобиқаи байналмилалӣ
Душанбе, 18.03.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар Зелимхон Юсупов, паҳлавони Тоҷикистон, дар мусобиқаи байналмилалии гӯштини озод барои ҷоизаҳои сарвари Бурятистони Русия медали тилло ба даст овард.
Гуфта мешавад, ки ин мусобиқаи анъанавӣ бори 20-ум дар пойтахти Бурятистон — Улан-Удэ бо ширкати беш аз 130 варзишгар аз Арманистон, Гурҷистон, Италия, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Чин ва Ҷопон баргузор шуд.
Ёдовар мешавем, ки Зелимхон Юсупов, барандаи медали нуқраи Бозиҳои XVII осиёӣ дар рақобатҳо дар вазни то 70 кг бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, ба финал баромад. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Анхбаяр Батчулууни муғул ғалаба кард.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






