Покистону Тоҷикистон шарикони табиӣ ва стратегии КАСА -1000
Душанбе, 10.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони тозаинтихоби панҷ давлати ҷаҳон эътимоднома қабул кард. Сафири нави фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон Тариқ Иқбол Сумро пас аз супоридани эътимоднома ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма гуфт: «Хеле хушнуд ва хушҳол аст, ки ҳамчун сафири нав эътимодномаи худро ба Президенти кишвари тоҷикон супоридааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро хонаи дуюми худ меҳисобад. Имрӯз ҷониби Покистон бо Тоҷикистон муносибатҳои сатҳи олиро барқарор намудааст ва Покистон ҳамеша ҳавасманди густариши ҳамкориҳо бо ин кишвар буда, дар ин самт аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳад кард.
Табодул ва муносибатҳои тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Покистон хислати бештарро касб намудаанд ва ҳаҷми табодули мол дар соли 2011 аз 15 млн. доллар ба 90 млн. доллар дар соли 2014 расид, ки ин инъикоси тамоюли рушдкунандаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ байни ҳарду кишвар мебошад».
Дипломати покистонӣ иброз намуд, ки таъмини рушду густариши ҳамкориҳо байни доираҳои соҳибкории ҳарду кишвар аз самтҳои муҳими ҳамкориҳо хоҳад буд ва онҳо азм доранд, ки барои соҳибкорони ҳарду кишвар дар якҷоягӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои алоқаи ҳавоӣ, заминӣ ва роҳҳои оҳан талошҳои якҷоя сурат гиранд. Покистону Тоҷикистон инчунин дар татбиқи амалии лоиҳаи КАСА- 1000 шарикони табиӣ ва стратегӣ маҳсуб меёбанд.
Тариқ Иқбол Сумро аз ҳамкориҳои кунунии Тоҷикистон ва Покистон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки ҷиҳати равнақ бахшидан ба равобити ду ҷониб ҳамчун сафири навинтихоб ҷаҳду талош хоҳад кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






