Рӯзи дарҳои кушода писанди мардум гашт

Март 16, 2015 11:51

 
Душанбе, 16.03.2015.(АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани Соли оила аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори «Оилаи солим — миллати солим» рӯзи 14 март дар муассисаҳои тиббии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи тиб машварати тахассусӣ ва ташҳисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд.
Чунин чорабинӣ дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология  ва марказҳои саломатии шаҳрӣ баргузор гардида, дар он мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи тиб, аз ҷумла профессорон ва мутахассисони варзида машварати тахассусии ройгонро ба аҳолӣ пешкаш намуданд.
Дар доираи рӯзи дарҳои кушод сокинони кишвар имкон доштанд  дар муассисаҳои тиббӣ аз ташхиси набзу фишор, сабти барқии кори дил, муайян намудани миқдори қанд дар хун, муоинаи чашм, ташхиси флюрографӣ ва ғайра ба таври  ройгон истифода намоянд. 
Сардори раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарон ва кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шералӣ Раҳматуллоев дар робита ба ин чорабинӣ чунин ибрози андеша намуд: «Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро «Соли оила» эълон намуда, дар Паёми имсола ва дар Рӯзи модарон дар бораи мушкилоти оила ва ҷомеа сухан намуда,   махсусан ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дод. 
 Масъалаи асосӣ- ин ташкили оилаи солим мебошад. Вазифаи мо баланд бардоштани маърифати санитарӣ ва тиббии ҷавонон  дар мактабҳои миёнаву олӣ аст». 
Ш.Раҳматуллоев  омили зиёд шудани маъюбӣ дар байни кӯдаконро аз никоҳи хешу таборӣ мешуморад. 
«Мо бояд огоҳкуниро аз ҷавонон оғоз намоем, агар онҳо паёмадҳои никоҳи хешутабориро дарк намоянд, дар он сурат шумораи чунин никоҳҳо кам мегардад.. Агар дар оила як маъюб ва ё як бемор бошад, он оила-оилаи солим нест»,-гуфт мусоҳиб. 
Ҳамаи инро ба инобат гирифта, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иқдом гирифтааст барои пиёда намудани супоришҳои Ҳукумати ҶТ ва Паёми имсола чорабиниҳои зиёдеро доир кунад.  Яке аз чунин  чорабиниҳо ин маъракаи Рӯзи дарҳои кушода мебошад. Ин маърака на танҳо дар шаҳри Душанбе,  балки дар саросари ҷумҳурӣ гузаронида мешавад ва ҳамаи сокинони ҷумҳурӣ дар ин рӯз имкон доранд аз муоинаи тиббии  зарурӣ ва машваратии духтурон ройгон гузаранд. 
«Мо нақша дорем, ки чунин маъракаҳоро мунтазам гузаронем. Махсусан гузаронидани чунин маъракаҳо дар ноҳияҳои дурдаст, дар маҳаллаҳои кӯҳистон, ки он ҷо мутахассисони  соҳаи тандурустӣ намерасанд, ба нақша гирифта шудааст.  Ман  боварӣ дорам бо беҳтар шудани боду ҳаво мо аз Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон корро оғоз карда, дар ноҳияҳои кӯҳии вилоятҳои Суғд низ мунтазам чунин маъракаро мегузаронем»,-гуфт Ш.Раҳматуллоев. 
Бино ба гуфтаи мусоҳиб  чунин чорабиниҳо на танҳо дар соли оила, балки солҳои баъдӣ низ барои беҳтар намудани солимии ҷомеа мунтазам гузаронида хоҳанд шуд. Дар ин маърака ғайр аз ташхису машварати табибон, инчунин ба мардум варақаҳои иттилоотӣ ва дорвории истеҳсоли ватанӣ ройгон тақсим  шуданд. 
Муовини  директори ҶДММ «Кӯҳҳои Тоҷикистон»  оид ба тиҷорат Муборакшо Катахонов чунин ибрози андеша намуд:  «Имрӯз мо тамоми маводи доруии ватаниро ба намоиш бароварда, ба бемороне ки бо дорухат меоянд, ин доруҳоро ройгон тақсим карда истодаем. Сифати доруҳои корхонаи мо аз доруҳои хориҷӣ ягон камӣ надоранд ва имрӯз мардум низ аз ин  огоҳ гашта истодаанд. Бояд гуфт, ки ба шарофати ин рӯз мардум  аз истеҳсолоти мо огоҳ гаштанд ва фикр мекунам дар оянда аз ин доруҳо истифода хоҳанд кард. Хуб мешуд агар дар ин самт духутурҳо низ доруҳои ватаниро тавсия медоданд, то беморон аз дорувориҳои мо истифода намоянд, зеро ин ба фоидаи на танҳо мо, балки мардуми кишвар ва иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад». 
Аз ин иқдом, албатта, мардуми кишвар хеле хушҳол буданд, зеро онҳо имкон доштанд дар як рӯз аз якчанд муоина ва машварати духтурон ройгон гузароанд. Шаҳло ва Салима, сокинони пойтахт  мегӯянд, ки хуб мешуд чунин иқдомҳо бештар гузаронида шаванд, зеро бештари мардум аз имконоти соҳаи тиб бинобар сабаби набудани маблағу вақт истифода бурда наметавонанд, дар чунин рӯзҳо онҳо метавонанд пурра аз ташхису машварати тиббӣ гузаранд. 
Бино ба гуфтаи мутахассисон ҳарчанд ин рӯзро онҳо аз 8-и субҳ то нисфирӯзӣ эълон карданд, вале мардуми омадаро ноумед накарда, гуфтанд, ки то охирон беморро аз муоина нагузаронанд, «дарҳоро мақкам» намекунанд.  

 
 
 

Март 16, 2015 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ соҳиби бинои нав мегарданд
ФИЛМИ ҲУНАРИИ «ВИҶДОН». Дар пасманзари он маконҳои зебои сайёҳиву ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад
Иштирокдорони ҳамоиш дар Душанбе ҷойгоҳи Айнӣ дар ташаккули мафкураи миллиро баррасӣ намуданд
РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бахшида ба он дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ» конфронси байналмилалӣ доир шуд
Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
27-28 апрел дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид