Рақибони тими мунтахаби ҷавонони кишвар муайян шуданд
Душанбе, 17.03.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Рақибони тими мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-15) дар мусобиқаи байналмилалии «Sport for Tomorrow Japan-Central Asia U-15 Football Exchange Programme», ки аз 25-ум то 29-уми марти соли равон дар Осакаи Ҷопон баргузор мегардад, маълум шуданд.
Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ тими мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Қирғизистон, Туркманистон, инчунин Академияи Ассотсиатсияи футболи Ҷопон ва КФ «Токио» бозӣ мекунад. Ба гурӯҳи «В» дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон, Афғонистон, Эрон, Ҷопон, инчунин дастаи ҷопонии «Киото Санга» дохиланд.
Гуфта мешавад, ки футболбозони навраси тоҷик бо роҳбарии Зайниддин Раҳимов нахустин бозиро 25-уми март бо дастаи наврасони«Токио» анҷом медиҳанд. Дар ин рӯз, инчунин футболбозони тоҷик бо ҳамсолонашон аз Академияи Ассотсиатсияи футболи Ҷопон рақобат мекунанд.
Рӯзи 26-уми март тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаи Қирғизистон вориди рақобат хоҳад шуд. Бозии охирини даври гурӯҳиро тими мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 27-уми март бо дастаи Туркманистон анҷом медиҳад
Бар асоси дастури мусобиқа бозиҳои даври гурӯҳӣ аз як давра иборатанд. Ҳар як бозӣ 60 дақиқа (ду қисми 30-дақақаӣ) идома мекунад. Аз рӯи натиҷаи даври пешакӣ ғолибони гурӯҳҳо ба бозии ниҳоӣ роҳ меёбанд. Дастаҳое, ки ҷойҳои дувумро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ талош хоҳанд кард. Дастаҳои дигар барои ҷойҳои баъдӣ бо ҳам рақобат мекунанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






