Рашт: Тайёрӣ ба кишти баҳорӣ
Рашт, 14.03.2015. (АМИТ «Ховар», М. Ризвонов).- Имрўзҳо дар тамоми хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Рашт, аз ҷумла дар хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ таъмири техника барои кишту кори баҳорӣ бо суръати дучанд идома дорад. Мувофиқи маълумоти раёсати кишоварзии ноҳия дар ҳамаи ҷамоатҳо 302 трактор мавҷуд мебошад, ки 168 трактори он ба кишту кори баҳорӣ омода мебошад. Аз шумораи 168 трактор 18 ададаш трактори тасмачарх буда, 150 адади дигараш трактори салладор мебошад.
Зикр кардан лозим аст, ки дар айни замон дар ноҳия 56 адад плуг, 11 адад картошкашинонак омодаи кор мебошад. Инчунин 5 адад комбайни ғалладарав дар ҳолати корист.
Аз шумораи 302 трактори шудгоркунанда ҳамаи он ва 36 адад пурра ва хушсифат аз таъмир бароварда шуда, кишоварзон ният доранд боқимонда техникаҳои дар ихтиёрашон бударо то мавсими кишту кори баҳорӣ пурра омода намоянд,-иброз дошт раиси раёсати кишоварзии ноҳияи Рашт Абдураззоқ Саломов.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






