Романи адиби тоҷик- беҳтарин романи сол дар Афғонистон
Кӯлоб, 14.03.2015. (АМИТ «Ховар», Фарҳоди Мадамин).- Романи «Масъуди сипаҳсолор»-и адиби тоҷик Сайид Раҳмон дар Афғонистон ҳамчун беҳтарин асар шинохта шуд. Бояд зикр намуд, ки Сайид Раҳмон тайи даҳ сол баҳри такмили ин асар заҳмат кашидааст. Асар соли 2008 дар ҳаҷми 1000 нусха ва иборат аз 600 саҳифа чоп шуд. Романи мазкур аз рӯзгори муҳоҷирони дараи Панҷшер ва муборизаи қаҳрамононаи мардуми афғон бо сарварии машҳуртарин сарлашкари охири аси ХХ Аҳмадшоҳи Масъуд барои озодӣ ва истиқлолият нақл мекунад. Ёдовар бояд шуд, ки Сайид Раҳмон узви Иттифоқи нависандагон ва рӯзноманигорони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Вай тамоми умри 74-солаи худро дар соҳаи телевизион, радио ва рӯзнманигорӣ баҳри ғановати маънавии мардум сарф намудааст. Дӯстдорони каломи бадеъ ӯро бо китобҳои «Дунёи бевафо», «Зиндаҷудо», маҷмӯаи шеърҳо бо номи «Сӯзи дил» ва романи «Шукронамарг» мешиносанд.
Сайид Раҳмон дорандаи Ҷоизаи ба номи Носири Хусрав дар наср мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






