Рушди бахши коркарди меваю сабзавот дар Тоҷикистону Қирғизистон
Душанбе, 17.03.2015 (АМИТ “Ховар”).- Сессияи 4-уми омўзишҳои бехатарии хӯроквории НАССР (Hazard Analysis and Critical Control Points — таҳлили хавф ва нуктаҳои қатъии назорат) ва маркетинг дар чорчӯбаи лоиҳаи «Рушди бахши коркарди меваю сабзавот дар Қирғизистон ва Тоҷикистон» аз 24 то 26-ми марти соли 2015 дар конфронс-зали АМФОТ шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Дар чорчӯбаи сессияҳои мазкур сафари омўзишии иштирокчиён ба корхонаи таҷрибавии « Аква Ҷус» ташкил мешавад.
Чорабинии мазкур аз тарафи Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилоти ғайридавлатии British Expertise (Британияи Кабир) ва Иттиҳоди ҷамъиятии муассисаҳои саноати хӯроквории Қирғизистон, бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо дар чорчӯбаи барномаи «Осиёи Миёна — Инвест III» баргузор мегардад.
Лоиҳа барои рушди корхонаҳои хурду миёнаи Тоҷикистону Қирғизистон, ки ҷиҳати коркарди меваю сабзавот ҷалб шудаанд, равона шудааст.
Дар чорчӯбаи ин лоиҳа барои омӯзгорон омўзиши серӯза дар муддати соли ҷорӣ (ҳар семоҳа) гузаронида мешавад.
Дар тренинг кормандони масъули сохторҳои давлатӣ, намояндагони бахши хусусӣ, коршиносон, намояндагони мактабҳои олӣ ва роҳбарони ассотсиатсияҳои соҳибкории манфиатдор ширкат меварзанд.








Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар






