Рушди бахши коркарди меваю сабзавот дар Тоҷикистону Қирғизистон

Март 17, 2015 08:58

Душанбе, 17.03.2015 (АМИТ “Ховар”).- Сессияи 4-уми омўзишҳои бехатарии хӯроквории НАССР (Hazard Analysis and Critical Control Points — таҳлили хавф ва нуктаҳои қатъии назорат) ва маркетинг дар чорчӯбаи лоиҳаи «Рушди бахши коркарди меваю сабзавот дар Қирғизистон ва Тоҷикистон» аз 24 то 26-ми марти соли 2015 дар  конфронс-зали АМФОТ шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Дар чорчӯбаи сессияҳои мазкур сафари омўзишии иштирокчиён ба корхонаи таҷрибавии « Аква Ҷус» ташкил мешавад.
Чорабинии мазкур аз тарафи Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилоти ғайридавлатии British Expertise (Британияи Кабир) ва Иттиҳоди ҷамъиятии муассисаҳои саноати хӯроквории Қирғизистон, бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо дар чорчӯбаи барномаи «Осиёи Миёна — Инвест III» баргузор мегардад.
Лоиҳа барои рушди корхонаҳои хурду миёнаи Тоҷикистону Қирғизистон, ки ҷиҳати  коркарди меваю сабзавот ҷалб шудаанд, равона шудааст.
Дар чорчӯбаи ин лоиҳа барои омӯзгорон омўзиши серӯза дар муддати соли ҷорӣ (ҳар семоҳа)  гузаронида мешавад.
Дар тренинг кормандони масъули сохторҳои давлатӣ, намояндагони бахши хусусӣ, коршиносон, намояндагони мактабҳои олӣ ва роҳбарони ассотсиатсияҳои соҳибкории манфиатдор ширкат меварзанд.
 
 

Март 17, 2015 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад