Сафари беш аз 98 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба хориҷа
Душанбе, 14.03.2015.(АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар давоми моҳи январ ва феврали соли 2015 98 ҳазору 312 (соли 2014 111.244) шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа сафар намуд, ки аз онҳо мардҳо — 82.944 (соли 2014-91.878) нафар ва занҳо — 15.368 (соли 2014 -19.366) нафар мебошанд.
Бино ба иттилои сухангӯи хадамоти муҳоҷират Абдуллои Қодирӣ, аз ин теъдод 83 ҳазору 62 (соли 2014 -95.924) нафар муҳоҷири меҳнатист. Аз ҷумла, 72.036 (соли 2014-110.032) нафар мардҳо ва 11.026 (соли 2014 -14.649) занҳо мебошанд.
Шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба ФР сафар кардаанд, 81.938 (соли 2014-95.786) нафарро ташкил медиҳад.
Хадамоти муҳоҷират на танҳо шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ, балки рафту омади тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самтҳои гуногун ба ҳисоб мегирад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






