Сафи китобхонҳо меафзояд
Рашт,12.03.2015. (АМИТ «Ховар», М. Ризвонов).-Китобхонаи марказии назди қасри фарҳанги шаҳраки Fарми ноҳияи Рашт, ки мудираш Ҳарамбӣ Хайриддинова аст, ҷои дўстдоштаи хонандагон ба шумор меравад. Дар китобхона 9777 адад адабиёти гуногун мавҷуд буда, сафи мутолиакунандагон ба 1200 нафар расидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 120 нафар зиёд аст. Барои ҷалби омма ба китобу китобхона мунтазам дар ин ҷо чорабиниҳои гуногун, ба монанди маҳфилҳои адабӣ, мулоқоту суҳбатҳо бо зиёиён, намоиши китобҳо доир мешавад. Барои осон шудани ҷустуҷӯи адабиёти зарурӣ, китобҳо аз рўи соҳа ва бо тартиби алифбо гузошта шудааст.
Кормандони китобхона кӯшиш менамоянд, ки тавассути фаъолияти судманди худ тарғиби васеи китобро ба роҳ монда, дар кори маърифатнокии аҳолии деҳот саҳмгузор бошад. Натиҷаи саъйю талоши онҳост, ки сафи китобхонон рўз то рўз афзоиш меёбад.
-Китобро бузургон беҳуда аниси кунҷи танҳоӣ нагуфтаанд-мегўяд мудири китобхона Ҳарамбӣ Хайриддинова. Савияи донишу ҷаҳонбии одам тавассути донишомўзӣ васеъ мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






