Шаҳрдори Душанбе аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб гардид
Душанбе, 27.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев — раиси шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҳамчун номзад пешниҳод гардида буд, ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе интихоб гардид. Ҳамзамон дар интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ, ки имрӯз дар панҷ ҳавзаи ҷумҳурӣ доир гардид, Худоёрзода Бахтиёр Тавар — роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Маҳмаисуф Имомов — ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ноҳияи Шоҳмансур, Наргис Раҳмонова — котиби илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ аз ноҳияи Сино ва Нуралӣ Шоев — ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз ноҳияи Фирдавсӣ аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҳавзаи бисёрмандатаи интихоботии шаҳри Душанбе оид ба интихооботи аъзои Маҷлиси миллӣ аз 219 вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва чор ноҳияи он 210 вакил ширкат варзида, аз тариқи раъйдиҳии пӯшида номзадии панҷ нафари дар боло зикршударо ба узвияти Маҷлиси миллӣ интихоб намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






