Сироҷиддин Аслов бо Лакшми Пури мулоқот кард
Душанбе, 27.03.2015 (АМИТ «Ховар»).- 26 марти соли 2015 дар қароргоҳи СММ мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо муовини сохтори “СММ-Занон” Лакшми Пури баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохтори “СММ-Занон”, раванди татбиқи лоиҳаҳои ниҳоди мазкури СММ дар Тоҷикистон, ба вижа лоиҳаҳои марбут ба беҳсозии амнияти иқтисодии занон, таъмини баробарии гендерӣ, пешгирии хушунат алайҳи занон, инчунин дигар мавзуъҳои умдаи ҳамкорӣ мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҷонибҳо инчунин зимни суҳбат масъалаҳои тадорукоти Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015-ро, ки 9-11 июни соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор мегардад, муҳокима намуданд. Вазири корҳои хориҷӣ аз ниҳоди мазкури СММ ҷиҳати ширкати фаъолона дар конфронси номбурда, инчунин дар Анҷумани “Об ва Занон”, ки 8 июни соли ҷорӣ дар чаҳорчӯби Конфронс барпо мегардад, даъват ба амал овард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






