Стратегияи ҳамкории БРО ва ҶТ барои солҳои 2016 — 2020
Душанбе, 31.03.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 30 март муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатзода дар шаҳри Душанбе бо намояндаи доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Си. Си. Ю. мулоқот намуд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот масоили марбут ба дурнамою барномаҳои татбиқи лоиҳаҳои бонки мазкур дар бахшҳои иқтисодиёт ва савдо, рушди бахши воқеӣ ва самтҳои дигари иҷтимоию иқтисодӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо дар анҷоми мулоқот перомуни Стратегияи ҳамкории Бонки рушди Осиё ва Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2020, ки дар марҳалаи тарҳрезӣ қарор дорад, табодули афкор намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






