Суҳбати роҳбари ВКД бо собиқадорони Суғд
Душанбе, 19.03.2015. (АМИТ «Ховар»).- Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар маҷмааи «Тоҷикистон» — и шаҳри Хуҷанд бо собиқадорони милиса суҳбат орост, ки дар он беш аз 80 нафар собиқадорони вилояти Суғд ширкат доштаанд.
Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, роҳбари ВКД ҳамаи ҳозиронро бо Иди Наврӯз муборакбод намуда, хидматҳои собиқадорон дар рушди мақомоти умури дохилиро ба дараҷаи баланд арзёбӣ кард.
Бо фармони вазири корҳои дохилии ҶТ ба 30 нафар собиқадорони милиса ифтихорномаҳо ва инъомҳои қиматбаҳо тақдим шуданд.
Раиси Шӯрои собиқадорони ВКД Суғд Тоҳир Назаров дар навбати худ аз номи ҳамаи собиқадорон иброз дошт, ки онҳо барои тарбияи насли ҷавон ва дастраси ҷавонон намудани малакаю таҷрибаҳояшон саъю кӯшиш хоҳанд кард.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






