«Суруди миллӣ» дарҳои Интихобот-2015-ро кушод
Душанбе, 01.03.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Имрӯз, 1 март аз соати 6-и субҳ дар саросари мамлакат интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо шурӯъ шуд.
Дар участкаи интихоботии рақами 48-и ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ, рақами 2 соати 9-00 аллакай 30 фоизи интихобкунандагон ба номзадҳои худ овоз доданд.
Бино ба гуфтаи муовини раиси комиссияи интихоботии ин ҳавза Нозир Ёдгорӣ, дар ҳавзаи итихоботии Исмоили Сомонӣ, рақами 2- 1 ҳазору 652 овоздиҳанда ба қайд гирифта шудааст. «Дар бинои ШСХК «Барқи тоҷик» ду участкаи интихоботӣ -участкаи интихоботии рақами 48 оид ба интихоботи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Олии ҶТ ва ҳавзаи маҳаллӣ ҷойгир аст. Участкаи интихоботӣ 40 рӯз пеш ба кор шурӯъ карда буд. Рӯйхати интихобкунандагон пурра тартиб дода шуда, ба ҳамаи интихобкунандагон дар вақти муайяншуда даъватномаҳо расонида шуданд»,-мегӯяд муовини раиси комиссияи интихоботӣ
Ба гуфтаи Н. Ёдгорӣ бисёр нафарон хусусан нафақахӯрон пеш аз интихобот ба участаи интихоботӣ омада, оид ба номзадҳо маълумот мегирифтанд. Ҳатто дар назди ин участкаи тарғиботӣ хонаи модару кӯдак амал мекард, ки дар он занҳои хонашин имкони бо фарзандҳояшон омада маълумот гирифтанро доштанд.
«Ба фикри ман интихоботи имрӯза нисбат ба интихоботҳои пешина серодамтар аст. То айни замон ба участкаи мо се гурӯҳ нозирони байналмилалӣ омаданд. Соати 6-и субҳ мо якҷоя бо нозирони Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои ИДМ бо шунидани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҳоро барои интихобкунандагон кушодем»,-хабар дод Н.Ёдгорӣ.
Дар ин участка 22 нафар интихобкунандаи синни 18 ба қайд гирифта шудааст, ки то соати 9-и субҳ аллакай 4 нафари онҳо дар ин маъракаи сиёсӣ ширкат намуд. Ба ҳар яки онҳо ширкати «Барқи тоҷик» туҳфаҳои хотиравӣ супорид.








Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хуҷанд васеъсозии роҳи хиёбони ба номи Раҳмон Набиев оғоз гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Роғун 94 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳолии узбекзабони шаҳри Турсунзода бо муассисаҳои таълимии узбекӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин карда шаванд»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ашт осоишгоҳи замонавӣ бунёд карда мешавад
Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд






