Таҳлили муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар
Душанбе, 11.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Чанде пеш маърӯзаи солонаи Кумитаи байналмилалии назорати маводи нашъаовар барои соли 2014 нашр гардид, ки дар он омилҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангии вобаста бо истифода ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар таҳлил мешаванд.
Дар маърӯза масъалаҳои андешидани тадбирҳо оид ба коҳиши талабот ба маводи нашъаовари манъгардида ва ташкили табобат вобаста бо истеъмоли маводи нашъадор, инчунин истифодаи воситаҳои доруворӣ, ки дар таркибашон маводи нашъаовар мавҷуд аст ва маводи нави психоактивӣ баррасӣ мегарданд.
Муаллифони маърӯза масъалаҳои иваз намудани героин бо маводи нашъаовари синтетикии гурӯҳи афюнӣ дар Аврупои Ғарбӣ ва Марказӣ, афзоиши миқдори беморони ВНМО дар шахсоне, ки маводи нашъаоварро ба таври тазриқӣ истифода мебаранд, барқароршавии хатсайри балкании интиқоли маводи нашъадор, зиёдшавии истеҳсоли ғайриқонунии каннабис, паҳншавии маводи нави психоактивӣ таҳлил намудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






