Таҷлили иди хабарнигорон дар Айнӣ
Душанбе, 12.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дирӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик чорабинии идона доир гардид.
Тавре ки сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Меҳнат» Муҳаммадносир Насруллоев иттилоъ дод, дар чорабинии идона аҳли фарҳангу маориф ва кормандони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Бибисаид Муҳиддинова- муовини раиси ноҳияи Айнӣ хабарнигоронро ба муносибати иди касбиашон табрик гуфта, ба корҳои эҷодиашон комёбиҳо таманно намуд. Сипас дар фазои тантанавӣ ба 11 нафар корманди ВАО туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ тақдим шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






