Таҷлили Наврӯз бо иштироки адибон
Душанбе, 23.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -20 марти соли ҷорӣ дар сарҳади маркази вилояти Суғд зиёда аз 200 нафар меҳмони чорабиниҳои наврӯзиро бо тантана ва шукӯҳу шаҳомати хосса раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода гарму самимӣ истиқбол намуд.
Баъди қабули расмӣ меҳмононро ба таҷлили Наврӯзи маҳаллаи «Сари баландӣ» даъват намуданд. Дар маҳаллаи мазкур аз ҷониби бошандагони маҳалла дастурхони наврӯзӣ бо таомҳои миллӣ ороста шуда, иштирокдорони чорабиниро бо анъанаҳои мардумии маҳал ошно намуданд. Дар баробари ин раиси шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо меҳмонони Наврӯзи Хуҷанд дар расми ба истифода додани бинои истиқоматии баландошёнаи 16 ҳуҷрагӣ, ки ошёнаи якуми он аз чойхонаи маҳалла иборат хоҳад буд, ширкат намуданд.
Ҳозирон баъди тамошои растаҳои наврӯзӣ меҳмони омӯзгорон ва донишҷӯёни Колеҷи тиббӣ шуданд. Дар ин макони дониш низ бо қувваи муҳассилину устодон, тамоми намуди ҳунарҳои миллӣ, барномаи консертӣ баргузор гардид. Баробари таҷлили Наврӯз дар муассисаи таълимии мазкур хатнатӯйи се нафар кӯдак аз оилаи ниёзманд доир шуд, ки раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо адибони маъруф Меҳмон Бахтӣ, Мӯъмин Қаноат ва Бозор Собир туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро супорид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






