Таҷлили Наврӯз дар Берлин ва Ҳамбурги Олмон
Душанбе, 20.03.2015 (АМИТ «Ховар»).-22 марти соли равон дар Осорхонаи этнологии шаҳри Берлини Олмон ҷашни байналмилалии Наврӯз дар якҷоягӣ бо кишварҳои ҳавзаи Наврӯз таҷлил мегардад.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинӣ бо гӯшаи фарҳангӣ, пешниҳоди хӯрокҳои миллӣ ва барномаи консертӣ бо иштироки сарояндаи ҷавони эстрадаи тоҷик Меҳринигори Рустам иштирок менамояд.
Рӯзи 24 март Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон дар якҷоягӣ бо Консули фахрии ҶТ дар шаҳри Ҳамбурги Олмон ҳамоиши иқтисодӣ ва ҷашни Наврӯзро доир менамояд. Дар нимаи аввали рӯз муаррифии имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон ба доираҳои иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорони замини Ҳамбург, намояндагони корпуси дипломатӣ пешниҳод мегардад. Дар нимаи дуюми рӯз баргузории барномаи консертӣ бо иштироки Меҳринигори Рустам дар назди иштирокчиёни ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар назар дошта шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






