Таҷлили Наврӯз дар Метропол
Душанбе, 27.03.2015. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат ).- Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР 25 март ба ифтихори Рӯзи байналмилалии Наврӯз дар меҳмонхонаи Метрополи шаҳри Маскав маҷлиси қабул ороста шуд.
Тавре ки намояндаи расмии Сафорати ҶТ дар ФР Муҳаммад Эгамзод хабар дод, тайи 10 соли охир бори нахуст дар меҳмонхонаи машҳури шаҳри Маскав бахшида ба иди Наврӯз бо иштироки меҳмонони сершумор ва дастаҳои номии мусиқии Тоҷикистон аз қабили гурӯҳи номдори «Шамс», Ҳунарпешаи шоистаи ҶТ Ноҳид Зайналпур, сарояндагони маъруф Таҳмина Ниёзова, Зулайхо Мамадшоева, гурӯҳҳои рақсии «Нур» ва «Гулчин», ҳамчунин ситораи ҷавони эстрадаи Русия Алёна Василева ҷамъомади ботантана баргузор шуд.
Дар ин маросим намунаҳои либоси зебосозони тоҷик Нафиса Имронова ва Ҳусейн Ҳайдаров ба маърази намоиш гузошта шуд.
Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумиҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Имомуддин Сатторов зимни суханронии табрикотиаш зикр намуд, ки Наврӯзро чун иди байналмилалӣ эътироф кардани СММ тасодуфӣ набуд.
«Таҷлили Наврӯз дар арсаи ҷаҳон далели ба арзишҳои фарҳангии ҷаҳон ҳисса гузоштани он мебошад. Миллати тоҷик тайи ҳазорсолаҳо Наврӯзро дар баробари забони тоҷикӣ ҳифз мекард. Барои ҳамин ҳам Тоҷикистон ватани Наврӯз дониста мешавад», — зикр намуд роҳбари намояндагии дипломатии Тоҷикистон.
Назар ба иттилои Муҳаммад Эгамзод, дар ин чорабинӣ беш аз 400 нафар меҳмонон аз ҷумлаи намояндагони маъмурияти Президенти ФР, Думаи давлатӣ, Вазорати корҳои хориҷии Русия, ҳукумати шаҳри Маскав ва вилояти он, Хадамоти федералии муҳоҷират, намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ, донишкадаҳои олӣ, созмонҳои байналмилалию ҷамъиятӣ ва идораҳои дигари муқими Федератсияи Русия ширкат доштанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






