Таҷлили Наврўзи Аҷам дар Кўлоб
Кӯлоб, 28.03.2015.(АМИТ «Ховар», Фарҳоди Мадамин).- Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи Аҷам ҷиҳати ширкат дар тантанаҳои наврӯзӣ ва супоридани шаҳодатномаи «Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2015» ба шаҳри Кӯлоб намояндагони Фонди гуманитарии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо роҳбарии муовини раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Конисбек Жусуфбеков ба шаҳри Кӯлоб омаданд. Меҳмононро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Хайруллои Амонулло ва аҳли ҷамоати шаҳр бо нону намак ва гулдаста истиқбол гирифтанд.
25 март дар шаҳри Кӯлоб тантанаҳои наврӯзӣ ва маросими супоридани шаҳодатномаи Пойтахти фарҳангӣ ба шаҳри Кӯлоб баргузор шуд. Сараввал меҳмонон ба намоишгоҳи дастовардҳои ҳунарии мардуми шаҳр омада, бо расму оини ниёгони мо шинос шуданд. Баъд аз тамошои намоишгоҳ меҳмонон вориди амфитеатр шуданд. Роҳбари муовини раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Конисбек Жусуфбеков сухан гуфта, сертификат ва шаҳодатномаи «Пойтахти фарҳангӣ»-ро ба иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кўлоб Амонулло Хайрулло супорид. Дар ҷашнвора дар радифи ҳунармандони шинохтаи кишвар, ҳамчунин анасамбли хори давлатии академии халқии ба номи Масалитини шаҳри Воронеж ширкат варзид.
Баъди барномаи театрикунонида шуда меҳмонон аз хона-музеи мутафаккири бузурги Шарқ Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, боғи ботаникӣ ва қалъаи Ҳулбук дидан карданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






