Таҷлили Рӯзи байналмилалии Наврӯз дар минтақаҳои РФ

Март 30, 2015 14:48

Душанбе, 30.03.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло  Тоирӣ ).- Тавре  ки  котиби  матбуоти Намояндагии Вазорати   меҳнат,  муҳоҷират  ва  шуғли  аҳолии  Тоҷикистон   дар  ФР Иброҳим  Аҳмадов ба  АМИТ «Ховар» хабар  дод, бо  ибтикори   созмони ҷамъиятии «Иттифоқи тоҷикистониён» — и   кишвари  Хабаровск  ва  раиси  иттифоқи  мазкур  Рустам  Азамов  дар  шаҳри  Хабаровск  ба  ифтихори  иди байналмилалии  Наврӯз  иқдоми  идона   роҳандозӣ  шуд. 
Дар  ҳошияи  ин  чорабинӣ  намоишгоҳи  санъати  амалӣ  доир  гардида,  либосу таомҳои миллии мардуми  тоҷик ба маърази  намоиш  гузошта  шуданд.
Ташаббускорони  ид байни  дастаҳои  ҷамоаҳои  миллии  муқими  кишвари  Хабаровск  мусобиқот аз  рӯи минифутбол  ва  волейбол  ташкил  намуда,  ғолибони он  бо ифтихорномаю  инъомҳои  қиматбаҳо  қадр  шуданд. 
Ба  гуфтаи  Иброҳим  Аҳмадов,  дар қисми тантанавии  чорабинӣ  намояндагони Ҳукумати  кишвари  Хабаровск,  Анҷумани  мардуми  кишвар  ва  роҳбарони  созмонҳои  ҷамъиятии Ӯзбекистон, Қирғизистон, Ингушистон,  Украина ва Озарбойҷони  минтақа  иштирок намуданд. Дар  маросим  барқияи  табрикотии  Вазорати  меҳнат,  муҳоҷират ва  шуғли  аҳолии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  қироат  шуд.
Дар  мусобиқот 12  дастаи  варзишии  иттиҳодияҳои  миллию  фарҳангии шаҳри Санкт — Петербург,  ҳамчунин  дастаҳои  донишҷӯёни  Донишгоҳи  давлатии  роҳҳои оҳан ва  мактаби  комплексии  маҳорати  олии  варзишии  он  иштирок намуданд.
 

Март 30, 2015 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад