Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик дар Суғд
Хуҷанд, 11.03.2015. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Имрӯз, 11 март тибқи қарори раиси вилояти Суғд дар бинои Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд бо иштироки васеи рӯзноманигорон Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта шуд.
Иштирокдорон дар ошёнаи якуми бинои Кохи матбуот бо намоиши матбуоти даврии вилоят ошно шуданд.
Дар қисми тантанавии чорабинӣ бо ҳузури наздик ба 100 нафар журналистони расонаҳои дохиливу хориҷӣ муовини аввали раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов паёми табрикии раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирин расонид. Аз ҷумла зикр гардид, ки имрӯз матбуоти тоҷик бо арзишҳои маънавии миллиамон — забон, адабиёт, оину фарҳанг дар як сатҳ қарор гирифта, дар рушди ҷомеаи мутамаддини муосир саҳми амиқ мегузорад.
Муовини аввали раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов ба рӯзноманигорони фаъол сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро супорид.
Инчунин дар ин рӯз барандагони озмуни вилоятӣ барои дарёфти мукофоти Созмони журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ низ муайян гардиданд. Соли равон ҷоизаи мазкурро ду нафар журналист — мухаррири хафтаномаи “Суғдиён” Нӯъмон Раҷабзода ва хабарнигори рӯзномаи “Тирози ҷаҳон” Монадниссо Рустамова дарёфт намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






